
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: - Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон; - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ; - Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон; - Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027; - Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030; - Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон; - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027; - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027; - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон; - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав; - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд; - Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ; - Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.
24
13.03.2025
-
БАРРАСИИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025» 12-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар ҷаласа вазири маориф ва илм қайд кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, 11 барномаву стратегия ва консепсияи давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегардад. Мавсуф иброз дошт, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» мутобиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавону ояндасоз дарак дода, бозгўйи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар ин самт аст. Дар идома директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода доир ба амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки доир ба амалишавии барномаи болозикр то кунун дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёде анҷом шуда, дар ин самт вазорат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Бояд гуфт, ки қобилияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ баъди амалишавии пурраи Барномаи мазкур, мусоидат хоҳад кард. Ҳадафи барномаи мазкур бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии онҳо таҳия гардидааст. Дарёфт, тарбия ва рушди қобилияти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки ояндаи илму маориф ва дар маҷмуъ, ояндаи мамлакат ба онҳо вобастагӣ дорад, муаррифии онҳо дар дохилу хориҷи ҷумҳурӣ яке аз самтҳои фаъолияти маорифчиёни мамлакат ва аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 қабул гардидааст. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
37
12.03.2025
-
Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом - Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд. Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни ин сафар маҷмӯи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад.
26
12.03.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
12.03.2025
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ Бештар -
06.03.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
05.03.2025
БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: НАХУСТИН СУРДООЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД
БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН: НАХУСТИН СУРДООЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор