
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон бо ширкати васеи намояндагони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар масъулини соҳаи маориф дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф пайваста зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар натиҷаи ин ғамхориҳо соҳа ба таври назаррас рушд намуда истодааст. Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Тоҷикиобод ва Нуробод доир ба вазъи таҳсилоти томактабӣ ва ҷараёни ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ шунида шуд. Зимни ҳисоботҳо, масъалаҳои мавҷуда, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди кӯдакон дар маҳалҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муҳокима гардиданд. Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласа махсусан ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва дар маҷмуъ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ равона карда шуд. Ҷаласа бо таҳлилу баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, барои амалисозии муваффақонаи ҳадафҳои гузошташуда ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
21
01.10.2025
-
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ АГЕНТИИ ҶОПОН ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ - JICA Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои густариши равобити дуҷониба дар самти таҳсилот, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ ва тақвияти низоми идоракунӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот муовини вазир оид ба равандҳои ҷорӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат таъкид намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ зарурати ҷалби таҷрибаи муосир ва пешрафтаи байналмилалӣ дар бахши таҳлили сиёсати давлатӣ, татбиқи босамари барномаҳои миллӣ ва ҳамчунин такмили низоми мониторинг ва баҳодиҳии онҳо беш аз ҳарвақта эҳсос мегардад, зеро рушди устувор ва босифати низоми таҳсилот ба дараҷаи омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир вобаста мебошад. Муовини вазир зикр намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар фаъолияти худ масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисосро яке аз ҳадафҳои асосӣ ва устувори стратегӣ меҳисобад ва бо дарки амиқи ин зарурат бар он аст, ки таҷрибаи муассиру пешрафтаи кишварҳои тараққикарда, аз ҷумла, таҷрибаи Ҷопон тавассути барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки JICA дар низоми таҳсилоти кишвар ҷорӣ карда шавад, зеро маҳз татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба беҳбуди сатҳи таҳлил, баланд бардоштани самаранокии идоракунии барномаҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти равандҳои мониторинг заминаи устувор фароҳам оварад. Дар навбати худ, коршиноси JICA, мушовир оид ба идоракунии рушди «Котиботи Шурои миллии рушд»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Танабе Хидеки бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои то имрӯз ҷараёнгиранда омодагии комили худро барои густариши минбаъдаи робитаҳо, татбиқи барномаҳои нави таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар самти таҳкими иқтидорҳои кадрӣ, боло бурдани сатҳи касбияти омӯзгорон ва мутахассисон, инчунин мусоидат ба такмили равандҳои идоракунӣ ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд. Дар охир ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки густариши ҳамкориҳои минбаъда миёни Вазорати маориф ва илм ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) на танҳо ба таҳкими равобити илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ мусоидат менамояд, балки барои рушди устувор, баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозии барномаҳои миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ низ нақши муассир хоҳад гузошт. Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
22
01.10.2025
-
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ЮНИСЕФ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода бо мушовирони минтақавии ЮНИСЕФ хонум Марлин Рендерс ва Майда Пасия доир гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои стратегии Вазорати маориф ва илм ва Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар самти рушди соҳаи маориф, таҳсилоти фарогир, баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими муҳити бехатар ва мусоиди омӯзиш ва рушди малакаҳои насли наврасро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муовини якуми вазир дар оғоз аз номи роҳбарияти вазорат ба намояндагони ЮНИСЕФ барои ҳамкориҳои пурсамар ва дастгирии пайвастаашон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки ЮНИСЕФ дар тӯли чанд даҳсола ба ҳайси яке аз шарикони боэътимоди байналмилалии Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳоти таълимӣ ва таҳкими низоми маориф саҳми босазо гузоштааст. Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои омӯзиши рақамӣ, таҳсилоти фарогир, ҳифзи кӯдакон, баланд бардоштани салоҳиятҳои касбии омӯзгорон, тавсеаи шабакаи озмоишгоҳҳои инноватсионӣ барои наврасон, инчунин, тарғиби ҳуқуқи кӯдак ва рушди малакаҳои ҳаётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ муайян гардиданд. Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои амалкунанда бо ибтикори вазорат ва ЮНИСЕФ як қатор чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, аз ҷумла, конференсияи ҷумҳуриявии “Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти рушди устувори маориф таъкид карданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон
37
30.09.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 30.09.2025 Бештар
-
22.09.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор