ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДИРЕКТОРИ ФИЛИАЛИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТОНАИ «GOOD NEIGHBORS» Имрӯз, 31 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори Филиали Ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фароғат Мирзоева баргузор гардид. Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм меҳмонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушди пайвастаи ҳамкориҳои вазорат бо Ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors» изҳори қаноатмандӣ намуд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки аз соли 2021, пас аз ба имзо расидани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, як қатор ташаббусҳои муҳим дар самти рушди соҳаи маориф амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, саҳми ташкилот дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳсозии вазъи санитариву гигиенӣ, баланд бардоштани иқтидори касбии омӯзгорон ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакону наврасон назаррас арзёбӣ гардид. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақамикунонии низоми маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари таълим барои ҳар як кӯдак равона гардидааст. Дар ин раванд ҳамкории шарикони байналмилалии рушд, аз ҷумла Ташкилоти «Good Neighbors», дорои аҳаммияти махсус мебошад. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, озмоишгоҳӣ, технологӣ ва воситаҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани инфрасохтори синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ, иншооти санитариву гигиенӣ ва муосиргардонии китобхонаҳо табодули назар намуданд. Зикр гардид, ки фаъолияти Ташкилоти «Good Neighbors» дар баробари расонидани кумакҳои моддию техникӣ, инчунин ба рушди иқтидори инсонӣ, такмили малакаҳои касбии омӯзгорон, таҳияи маводи таълимӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълим равона шудааст. Дар мулоқот масъалаи идомаи ҳамкорӣ ва тамдиди муҳлати Ёддошти тафоҳум, ки моҳи октябри соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, баррасӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба имзо расидани Ёддошти нави тафоҳум барои панҷ соли минбаъда заминаи устуворро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаи маориф фароҳам меорад. Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, шаффофият, эҳтироми мутақобил ва манфиатҳои муштарак, инчунин идомаи татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳаммияти иҷтимоиву таълимӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар баён намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон20
31.07.2026
-
Иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон 31 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вохӯриро имкони мусоид барои баррасии роҳҳои пешбурди муштараки масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ арзёбӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ давлатҳои минтақаро ба вокуниши муштарак ва муассир нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ даъват намуданд. Ҳамзамон, Сарвари давлати мо афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба минтақаи мо таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин раванд барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, саноат, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун афзалиятҳои муштараки кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли маводи сухт сохта шаванд. Ҳамчунин, Пешвои миллат рушди робитаҳои фарҳангию гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими пояҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни мардумони мо арзёбӣ карданд. Дар фарҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии кишварамонро ҷиҳати идомаи талошҳо барои татбиқи амалии қарорҳои муштараки қабулшуда таъкид намуданд.20
31.07.2026
-
МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ АТТЕСТАТИ АЪЛО БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июли соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, инчунин аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид. Дар маросим вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, масъулини дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони мақомоти идораи маориф, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Маросимро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро барои омодагии ҳамаҷониба, иштироки фаъолона ва нишон додани сатҳи баланди дониш самимона табрик гуфт. Зимни суханронӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидӣ эътироф гардидааст. Баланд бардоштани сифати таҳсилот, дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, инчунин омода намудани кадрҳои донишманду рақобатпазир аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки озмуни мазкур имкон фароҳам меорад, то хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, малака ва қобилияти зеҳнии худро дар фазои рақобати солим нишон диҳанд. Натиҷаҳои озмун бори дигар собит намуданд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёд буда, барои рушди минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Соли равон аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 178 нафар довталаб пешниҳод гардида, пас аз ташхиси ҳуҷҷатҳо 139 нафар ба озмун роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 14 нафар довталаби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 55 нафар довталаби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, 64 нафар довталаби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло, 5 нафар довталаби аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра ва 1 нафар довталаби аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра буданд. Дар озмун аз шаҳри Душанбе 36 нафар, вилояти Хатлон 61 нафар, вилояти Суғд 27 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 нафар иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки теъдоди хатмкунандагони сазовори аттестати аъло ва медалҳои тиллою нуқра сол ба сол афзоиш меёбад. Агар соли 2017 ҳамагӣ 8 нафар соҳиби медали тилло ва нуқра гардида бошанд, ин нишондиҳанда соли 2021 ба 53 нафар ва соли 2025 ба 73 нафар расидааст. Ин раванд аз баланд гардидани сифати таҳсилот, фаъолияти босамари омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ба рушди қобилияти хонандагон шаҳодат медиҳад. Дар идомаи маросим ба ғолибони озмун «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамчунин хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон зимни суханронӣ барои ғамхориҳои пайваста ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу тарбия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Вазорати маориф ва илм барои ташкили шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун миннатдорӣ баён карданд. Дар анҷом ба иштирокчиён ҷиҳати идомаи таҳсил, фаъолияти илмию касбӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол комёбиҳои нав орзу карда шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон45
30.07.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
28.07.2026
НАМУНАИ САВОЛҲОИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
НАМУНАИ САВОЛҲОИ ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бештар -
28.07.2026
ЭЪЛОН
ЭЪЛОН Бештар -
28.07.2026
Дастурамали мансабӣ
Дастурамали мансаби... Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор